<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>G</key>
<lyrics>[V1]
.Em
 Рӯ оваред, эй мардумон,
. D               Em
 Сӯи Худованди ҷаҳон.
.                     Em
 Дурӣ кунед аз хашму кин,
. D               Em
 Парҳез аз чини ҷабин.
.   Am               Em
 // Шодобу хуррам рӯятон,
. D         H7    Em
 Бикшода ду абрӯятон. //
.Em                  D
 Лабханд бар лабҳо аҷин,
.                  Em
 Андеша пурбор аз яқин.
.                  D
 Бо созу бо овози хуш,
.                     Em
 Бо нағма, бо пардози хуш.
.   Am                 Em
 // Дар синаҳо бонги дуруд,
. D         H7      Em
 Ҷон ғарқи оҳанги суруд. //

[V2]
 Шукрона гӯедаш мудом,
 Эй ҳамраҳон, ҳар субҳу шом.
 Ҳамди Худо дар саҷдагоҳ
 Ҳар бомдод, ҳар шомгоҳ.
 // Вирди забонҳотон бувад,
 Пайвасти ҷонҳотон бувад. //
 Парвардигори мост Ӯ,
 Омӯзгори мост Ӯ.
 Аз лутфи Ӯ инсон шудем,
 Ин гуна маънидон шудем.
 // Номат муқаддас, эй Худо,
 Умеди ҳар кас, эй Худо. //

[V3]
 Хотима:
 Некӯву пурэҳсон Туӣ,
 Бар дардҳо дармон Туӣ.
 Ҷонҳои моро шод кун,
 Моро зи ғам озод кун.
 // Номат муқаддас, эй Худо,
 Умеди ҳар кас, эй Худо. //</lyrics>
<title>Ба пайравии таронаи 99 дар китоби Забур Хд204</title>
<hymn_number>204</hymn_number>
</song>